Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Category: Без рубрики

Даври ҷумҳуриявии озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ҷамъбаст гардид.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ  ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва Фестивали заргарӣ» таҳти унвони «Ҳунар омӯз» доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода,  дар маросими ҷоизасупорӣ доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии…
Read more

Тоҷиддин Ҷӯразода: Новобаста ба пандемия соли гузашта беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 350 ҳазор нафар сайёҳ ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон боздид намуданд. Гуфта мешавад, ки аз  410,1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки соли гузашта ба Тоҷикистон омадаанд, тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, 350,6 ҳазор нафарашон сайёҳони…
Read more

Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд дода мешавад

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд дода мешавад, зеро дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рӯи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ ҳатто бартарӣ дорад. Инчунин аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75-80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди…
Read more

Ҷавҳари кашфношуда. Дар Рашт ҳамоиши миллии сайёҳӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт дар бахши сайёҳӣ дар қиёс бо Бадахшону  Зарафшон ҷавҳари кашфношударо мемонад, ки дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ нақши муассир гузорад. Ин нукта дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ оид ба муаррифии имконоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Рашт, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами…
Read more

Дар ноҳияи Сангвор агросайёҳӣ дар ҳоли рушд мебошад

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи хурди грантии  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти агросайёҳӣ дар водии Рашт дастгирӣ ёфт, имрӯз дар ноҳияи Сангвор барои  таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид. Бояд зикр …
Read more

Дар маҷмааи сайёҳии «Шар-шара» ҷаласаи панҷуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҷмааи хизматрасонию сайёҳии «Шар—шара»-и шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи панҷуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Дар кори Шӯро роҳбарияти вазорату идораҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ…
Read more