Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

22 март Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон  дар пойтахт  Форуми II байналмилалии  «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр  ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои баргузории Форуми мазкур  427640 (чорсаду бисту ҳафт ҳазору шашсаду чил) сомонӣ ҷудо намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *