Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Дар Душанбе лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир босамар татбиқ гаштани барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар мамлакат ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, барои таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти миллӣ мубаддал гардад, замина гузошта истодааст.

Ин матлаб зимни муаррифии Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025, ки имрӯз зимни ҳамоише дар Душанбе сурат гирифт, баён гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар доираи муқаррароти Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар он самтҳои афзалиятноке, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Парлумони мамлакат баён гардидаанд, ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи барномаи мазкур моҳи январи имсол бо иштироки намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ муҳокима гардид ва ҳадафаш ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани лоиҳаи барнома мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мансубияти идоравӣ андешаҳои худро  изҳор намуданд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *