Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Сайёҳии моҳидорӣ навъи муосири сайёҳӣ, ки дар Тоҷикистон рушд дода мешавад

Яке аз намудҳои сайёҳие, ки талаботи дӯстдоронаш дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст ин сайёҳии саргузаштӣ тавассути шикори моҳӣ маҳсуб меёбад. Тибқи таҳлилҳои олимон кӯлу дарёҳои шуху мусаффои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд. Ҳоло бо назардошти сермаҳсулӣ, соҳибкорон бештар ба парвариши моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Сайёҳии моҳидорӣ яке аз намудҳои муосири сайёҳӣ буда, ташкили  сайди намудҳои гуногуни моҳӣ, расондани сайёҳон ба ҷойҳои душворраси моҳидорӣ, иҷораи таҷҳизоти моҳидорӣ ва ташкили моҳидорӣ дар ҳавзҳои дорои моҳӣ, ки махсус ба ҳамин мақсад парвариш шудаанд, дониста мешавад. Сайёҳии моҳидорӣ истироҳати дур аз ғавғои шаҳр ва таълими усулҳои асосии моҳидорӣ ва ғизодиҳии моҳиро дар бар мегирад.

Барои рушди сайёҳии моҳидорӣ дар мамлакат имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Чунончи таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки соли гузашта дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 3571,7 тонна моҳи сайд гардидааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 2551,0, Суғд 869,7, ВМКБ 18,7, Ваҳдат 95,1, Ҳисор 8,3, Файзобод 7,3, Рашт 6,7, Шаҳринав 4,4, Турсунзода 3,5, Рўдакӣ 3,2, Роғун 1,8, Нуробод 1,5 ва Варзоб 0,5 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2020-ум 69,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 фоиз зиёд мебошад. Ба маротиб афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама ба ин амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» ва дигар дастгириҳои Ҳукумати мамлакат вобаста аст. Бахусус бархурдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ барои рушди соҳа нақши муҳим гузошт. Қобили тазаккур аст, ки ҳамаи ин шароиту имкониятҳо маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ гаштаанд.

Ҳоло дар кишвар хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел» – и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» – и шаҳри Кӯлоб, «Форел» – и шаҳри Турсунзода, «Суғд – моҳӣ» – и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» – и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек» – и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» – и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд. Барои муаррифии онҳо ва ташкили сайёҳии шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо дар хоҷагиҳои мазкур ва дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки имконияти шикорӣ моҳӣ мавҷуд аст,  аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ гузаронидани корҳои тарғиботию иттилоотӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар назар дошта шудаанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат, рушди соҳ ҷалби бештари сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо 5-6 феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода  якҷо бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара аз маконҳои сайёҳии ноҳия дидан намуданд.

Гурӯҳи корӣ иборат аз масъулон, ҳамзамон, барои муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла ҳавзҳои моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳия,  омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон аз наздик шинос шуданд. Хусусан дар ноҳия аз хоҷагии деҳқонии “Каёнуш” дидан намуданд, ки он ҷо  ду ҳавзи моҳипарварӣ бо ғунҷоиши 36000 моҳӣ ташкил шудааст. Дар ин ҷо тамоми шароитҳо барои қабули моҳмонону моҳидорон муҳайё буда, боғи мевадиҳанда ва меҳмонхонаи хурд ҷавобгў ба талаботи муосир, барои қабули меҳмонон омодаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг моҳи майи соли 2019 Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ ифтитоҳ гардид. Дар ҳавз моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш мешаванд. Дар дохили ҳавз 4 қаиқи гуногунҳаҷм дар хизмати истироҳаткунандагон вогузор аст. Дар ин ҷо барои дӯстдорони варзиш имкониятҳои мусоиди давидан ва обу тоби бадан муҳайё гардидааст. 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ буда, дигар лавозимоти варзишӣ барои варзишгарон насб шудааст.

Дар дар ҷамоати деҳоти Исмат Шариф дар деҳаи Булёни Поён аз тарафи соҳибкор Ёров Хуршед дар масоҳати  2 га ҳавзи моҳӣ  бунёд шудааст, ки дар он 2000 моҳича сар дода шудааст. Дар ин ҷо барои қабули сайёҳон катамаран, 2 адад мотосикли обӣ ва дигар имкониятҳои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, барои тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар кишвар замина фароҳам меорад. Таркиби гӯшти моҳӣ дорои витаминҳои барои инсон даркорӣ буда, олимони  ватанӣ давоми сол ба ҳар нафар истеъмоли 23 килограмм гӯшти моҳиро тавсия медиҳанд. Инчунин, моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор арзёбӣ мешаванд. Инчунин, афзун гардонидани парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ ва шикори моҳӣ ба рушди агросайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамасола дар ноҳияи Данғара чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ баргузор менамояд.  Бо ин мақсад дар ноҳияи Данғара хатсайри сайёҳии Данғара – Пушинг таҳия ва роҳандозӣ гардидааст. Дар ноҳия тамоми имкониятҳо барои қабули сайёҳон муҳайё буда, 7 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 мавзеи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 8 тарабхонаи муосир 2 осорхона, 22 маркази хизматрасонии бонкӣ, 2  мағозаи фурӯши армуғон ва 1 боғи фарҳангию фароғатӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2019 дар шаҳри Турини Италия Фестивали байналмилалии «Slow Food» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсусҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон» ва кооперативи истеҳсолии «Ҳакимӣ» бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок намуда, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона) ва оши палови тоҷикиро муаррифӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки диққати ҳозиринро бахусус, маълумот дар бораи гулмоҳии амударёӣ ҷалб намуда буд.

Бояд гуфт, ки моҳии амударёӣ бо лаззату тамъи худ ҳамто надошта, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд. Ин омил метавонад диққати садҳо ҳазор сайёҳону меҳмононро ба Тоҷикистон ҷалб намояд.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат, хусусан ташкили хатсайрҳо оид ба сайёҳии шикори моҳӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода шудааст, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештар ба роҳ монанд. (Бознашр аз https://ctd.tj/)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *