Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Ҷавҳари кашфношуда. Дар Рашт ҳамоиши миллии сайёҳӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт дар бахши сайёҳӣ дар қиёс бо Бадахшону  Зарафшон ҷавҳари кашфношударо мемонад, ки дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ нақши муассир гузорад. Ин нукта дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ оид ба муаррифии имконоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Рашт, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  роҳбарони ассотсиатсияю ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли минтақа доир гардид, зикр шуд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ масъулини соҳа, мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои марбутаи минтақа роҳҳои рушди сайёҳии минтақаи Раштро баррасӣ намуданд.

Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода изҳор дошт, ки дар ҳудуди водии Рашт мавҷуд будани мавзеъҳои тамошобобу ҷойҳои ҷолиби таърихӣ, дараҳои хушманзара, рӯду чашмаҳои кӯҳӣ имкон медиҳад, ки сайёҳӣ дар ин минтақа рушд намояд. Дар  ин водӣ шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экотуризм, рафтинг, таърихию зиёратӣ метавонанд даромади хуб биёранд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водии Рашт рӯ ба рушд ниҳода, ин гӯшаи мамлакат ба макони ободу зебо табдил ёфтааст. Ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – сарҳади Қирғизистон ба рушди сайёҳии минтақа такони ҷиддӣ бахшида, дар шафати роҳи номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири востаҳои нақлиёт сохта шудаанд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо ва татбиқи самараноки Барномаи рушди сайёҳӣ ба болоравии ҷалби маҳсулоти сайёҳии маҳаллӣ мусоидат намуда, ба воридшавии ноҳияи Рашт ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *