Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Дар ноҳияи Сангвор агросайёҳӣ дар ҳоли рушд мебошад

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи хурди грантии  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби барномаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» дар Тоҷикистон дар самти тақвияти агросайёҳӣ дар водии Рашт дастгирӣ ёфт, имрӯз дар ноҳияи Сангвор барои  таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид.

Бояд зикр  кард, ки Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, чорводориву боғпарварӣ, парвариши занбӯри асал, картошка ва дигар намудҳои зироаткорӣ бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ва таъминкунандаи даромади аҳолии ноҳия мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки захираву имконоти ноҳия дар самти рушди агросайёҳӣ то ба ҳол пурра истифода нагардидаанд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки агросайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ буда, таваҷҷуҳ ба он афзудааст, зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё агросайёҳӣ ба шумор мераванд.

Манзараҳои дилнишини ноҳияи Сангвор сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуда,  рушди ин соҳа барои сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ҷойҳои нави корӣ таъсис мегарданд ва тиҷорати соҳибкорону бонувоне, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, рушд меёбад.

Тавассути татбиқи лоиҳа барои рушди иқтидори мутахассисони маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақшаҳои маҳаллӣ оид ба рушди агросайёҳӣ дар ноҳияҳои водии Рашт машваратҳо гузаронида мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *