Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 27.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 сентябр  дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  туризм (World Tourism Dayтаҷлил мегардад. Ин рӯзаз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони ҷаҳонии туристӣдар соли 1979 дар шаҳри Торремонилоси Испаниятаъсис дода шудаастҲадафи ин сана тарғиби туризминъикоси нақши туризм дар рушди иқтисодиёти ҷомеаи ҷаҳон ва рушди иртибототбайни халқу миллатҳои гуногуни сайёра мебошадТуризм дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиётиҳар давлат маҳсуб ёфтабо назардоштимуҳимияти соҳаи сайёҳӣва дорои захираҳои бои туристӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонсолҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳоимуассир меандешад.

«Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконот ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд»,-гуфт дар суҳбат ба ҳабрнигори АМИТ «Ховар» муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло АМИРБЕКЗОДА.

Мавсуф зикр кард, ки   Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон аст ва бо табиати зебову нотакрор, обҳои софу зулол, таъриху фарҳанги бостон ва мардуми  меҳмоннавозу некухисолаш қалби ҳазорон сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳамасола садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ба тамошои манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон, хосса кӯҳҳои сарбаафлоки Помир, ки бо номи«Боми Ҷаҳон» машҳуранд,  меоянд.

Ҳабибулло Амирбекзода афзуд, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 -Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо назардошти дурнамои густариши соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, дар ҷумҳурӣ мақомоти салоҳиятдори танзимкунандаи бахши сайёҳӣ—Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ мукаммал гардонида шуд. Таҳия ва қабули чандин санадҳои танзимкунандаи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, шаҳодати гуфтаҳост.

Дастгириисозмонҳои байналмилалӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон

Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои соҳа авалиндараҷа ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Дар пайравӣ бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2020 ва ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон гардидани имсол аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд. Дар ин замина, дар радифи 10 давлати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти Ватанамон–шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ

Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар деҳотҷой ва маконҳои дурдасти мамлакат инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди усутвори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад, афзуд Ҳабибулло Амирбекзода.

Ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ба ширкатҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуд. Дар зарфи 5 соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав аз ҳамин қабиланд, ки ин раванд ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.

Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ зиёда аз 200 адад ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият карда истодаанд.

Роҳандозии раводиди«e-Visa»

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла воридшавӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ ислоҳоти муҳим роҳандозӣ шудааст. Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии  «eVisa» ба кор  даромад. Низоми раводиди электронии «eVisa» ба шаҳрвандони  хориҷӣ, аз  ҷумла сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бидуни ҳозиршавӣ ба муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электронӣ  ба даст оранд. Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан 60 рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рӯз аз ба қайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд. Дар баробари ин, бо зиёда аз 112 давлати дунё низоми содаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 12 давлат низоми бе раводид амал мекунад. Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.

Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст. Айни замон портали ё сомонаи миллии сайёҳии мамлакат (www.traveltajikistan.tj)   бо 7 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.

3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ бозгӯи таърихи бостони тоҷикон

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифта шуда, ба захираҳои зиёди экологӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, аз ёдгориҳои таърихӣ мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Хулбук, Осорхонаи миллӣ, аз имконоти рекреатсионӣ осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчун» -Бибӣ Фотимаи Заҳро, «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», «Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигарон имконият медиҳанд, ки сайёҳон бо таърихи қадимаи зисти миллати тоҷик аз наздик ошно гардида, аз табиати биҳиштосои диёри мо ва обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои бо хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ як ҷаҳон таассуроти нек бардоранд.

Дар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои ҷолиби таърихӣ- ин Пойгоҳи бостоншиносии «Панҷакент – Саразм» мебошад, ки ҳамчун пойгоҳи омезиш ва такомули чандин маданияти қавми ҳиндуаврупоӣ буда, таърихи 5500-сола дорад. Маҳз ҳамин хусусияти Саразм боиси таваҷҷуҳи сайёҳон гардидааст.

Хатлон — минтақаи туризми экологӣ 

Вилояти Хатлон дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми бориз гузорад,- меафзояд Ҳабибулло Амирбекзода.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ»  дар шаҳри Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи «Хоҷа Машҳад»-у мавзеи «Чилучорчашма» дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи «Зайналобуддин» дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори «Ҳазрати Султон» дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи «Сарихосор» дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамоянд.

«Сафеддара» — макони дӯстдорони лижаронҳост   

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо ҷалби сармояи ватанӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, аз меҳмонхонаи 4 – ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ иборат аст. Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафар мизоҷро қабул намояд. Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.

Имрӯз иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ҷиҳати ташкили истироҳати хушсифат дар ҳудуди Тоҷикистон ба шаҳрвандони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷрибаи фаъоли пешниҳоди хизматрасониҳоро дар соҳаи сайёҳӣ истифода намуда истодаанд. Дар ин ҷода мақомоти маҳаллӣ, ки аксар мавзеъҳои сайёҳӣ дар он ҷойҳо воқеанд, барои рушди сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ намуда, захираю имконоти бойи дохилӣ самаранок истифода мегарданд. Ин омил барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сифати зиндагии аҳолии маҳалӣ таъсири мусбат мерасонад. Барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи  «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла,  фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд ва имконоту бартариятҳои кишвар ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегардад.

Ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Таҷлили Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар мамлакат дар ҳолест, ки соли равон ба ҷумҳурӣ 341,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки 306,8 ҳазор нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 243,4 ҳазор ё 44,2 фоиз кам шудааст. Инчунин соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 23 ширкати сайёҳӣ таъсис дода шуд, ки 10-тои он дар Душанбе, 6-то дар  Бадахшон, 4-то дар Суғд, 2 адад дар Хатлон, 1 адад дар навоҳии тобеи марказ фаъолият доранд. Шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат  ба 223 адад расида, аз ин шумора ба Бадахшон  44 ширкат, Душанбе 108 ширкат, Хатлон 19 ширкат, Суғд- 40 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 12 ширкат рост меояд. Дар ин давра дар мамлакат 288 субъекти хизматрасонӣ ба  сайёҳон хизмат расониданд. Шумораи катҳои хоб дар ин давра дар меҳмонхона, осоишгоҳҳо, санаторияҳо, хостел ва ҳомстейҳо 17254 ададро ташкил намуд. Дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 хостел ва мотелҳо, 45 осоишгоҳ, 8 марказҳои мулоиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаҳои истироҳатӣ, 1 пансионат, 1 кемпинг ва 4  базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият менамоянд.

Таъсири пандемияи «COVID-19» ба бахши сайёҳӣ

Паҳншавии вируси COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ ба гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонида, раванди хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, ҷойҳои кори кормандони онҳо, фурӯши бастаҳои хизматрасониҳо, кам гардидани таблиғот дар бозорҳои сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави ҳамкор, раванди таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ осебпазир гардиданд, мегӯяд Ҳабибулло Амирбекзода.

Барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ Кумита дар асоси супоришҳои Ҳукумати мамлакат бо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии вируси сироятии COVID-19 дар як қатор давлатҳои дунё ба унвони ширкатҳои сайёҳӣ, ҷиҳати худдорӣ намудани хизматрасонии шаҳрвандони кишварҳои осебпазир мактуби расмӣ ирсол намуда, дар ин самт бо ширкатҳои сайёҳӣ оид ба пешгирии вируси сироятӣ ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо дар ҳолатҳои буҳронӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ҷаласаҳои муштарак бо коршиносон баргузор намуд.

Хисороти молиявӣ  дар бахши сайёҳӣ муайян мегарданд 

Барои муайян намудани ҳисороти молиявӣ байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ пурсишнома гузаронида шуда, натиҷаҳои пешакиаш бозгӯи он аст, ки дар марҳилаи сипаришуда субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз қабулу гусели сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ худдорӣ намуда, фаъолияти хеле кам ва маҳдуд доранд,- афзуд муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Мавсуф афзуд, ки дар назди Кумита як гурӯҳи корӣ барои муқовимат ба оқибатҳои пандемия таъсис дода шуд, ки аъзои он барои ба даст овардани маълумоти пурра дар бораи сатҳи таъсир таҳқиқ гузарониданд. Тадқиқот нишон дод, ки корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ таназзулро бо пандемияи COVID-19 аз сар мегузаронанд. Аксари корхонаҳо бо сабаби ҳолатҳои фавқулода ва басташавии сарҳад 100 фоизи муштариёнро аз даст доданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот метавон хулоса кард, ки пандемия ба ҳама самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ таъсир расонидааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳҳои кории Кумита соли равон аз як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат боздид намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо назардошти вазъи баамаломада дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ «Дастурамали фаъолияти саёҳат ва сафар дар шароити хатари афзояндаи пандемия (COVID-19)»-ро таҳия  намуда, ба иншооти қабулу хизматрасониҳои соҳаи сайёҳӣ дастрас намуд ва инчунин бо шарикони байналмилалӣ дар таҳияи стратегияи мубориза бо буҳронҳо корбарӣ менамояд.

Таътили пардохтҳои андозӣ дар давраи пандемия

Тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ мегардад ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ менамояд, дастгирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар бахши сайёҳӣ

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо  кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия, Кувайт, Урдун,  Швейтсария ва Фаронса созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, инчунин 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо 36 ширкати сайёҳии хориҷӣ  қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаанд. Инчунин тавассути ба роҳ мондани ҳамкорӣ захираю имкониятҳои сайёҳии мамлакат тариқи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, нашрияҳо, портали миллии сайёҳӣ, сомонаи Кумита, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» таҳти унвони «Тоҷикистон–сарзамини сайёҳӣ», шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, филму роликҳои тарғиботӣ, харитаҳо, руқъаҳо, ёддошту, роҳнамо тавассути сафорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат муаррифӣ гардидаанд. Инчунин Кумита бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, инфрасохтори соҳа, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии  молиявӣ тақвият дода шуда, ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион  доллари амрикоӣ ва аз Бонки Осиёии Рушд 10 миллион  доллари амрикоӣ ҷиҳати татбиқи Лоиҳаҳои «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ»равона карда мешавад.

Соҳаи сайёҳӣ аз камбудиҳо орӣ нест

Дар соҳаи сайёҳии мамлакат баъзе проблемаву мушкилот- нокифоя будани хатсайрҳои ҳавоӣ, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон, муаррифии нокифояи захираҳои сайёҳӣ, маблағгузорӣ нагардидани барномаҳои маҳаллии рушди сайёҳӣ мавҷуданд ва Кумита барои бартараф намудани онҳо, дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст,- мегӯяд муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат. Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру  супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи пурра ва самараноки Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон, баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру ва имконоташро сафарбар менамояд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *