Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

Кули “Шамар”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак

Маълумоти мухтасар: Кули Шамар дар мазеъи зебои ноҳияи Рашт ба шумор рафта, минтақи деҳаи Шамари Ҷамаоти деҳоти Ҳиҷборак ҷойгир мебошад. Аз маркази ноҳия шаҳраки Ғарм дар масофаи масофаи 25 киллометр дар баландии камтар аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Боду ҳавои атрофи кул форам ва салқин буда, барои истироҳат бисёр мавзеъи мувофиқ ба ҳисоб меравад. Дар ин кул имкони шикори мурғобӣ ва қаиқронӣ мавҷуд мешад. Сайёҳат ба ин мавзеъ тавасути автомашинаи ҳарҷогард (вездеход) шавқовар ва фаромушнашаванда мебошад.

Дар наздикии кули “Шамар” деҳаи Ҷалолобод воқеъ гардидааст. Мардуми ин деҳа меҳмоннавоз буда, ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мебошанд. Дастархони онҳо аз маҳсулотҳои ширии табиӣ (ҷурғот, қаймоқ, чака) бисёр бой аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *