

Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳои аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иқлими он барои парвариш ва нигуҳубини дарахтони гуногуни мевадиҳанда мувофиқ мебошад.

Ҳамасола майдони боғҳои мевадиҳанда дар ноҳия зиёд гардида истодаанд. Айни замон дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 4651 га боғҳои мевадиҳанда мавҷуданд, ки аз он 1161 га ба бахши кишоварзӣ шомил мебошанд.

Муовофиқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2016-2020 бунёди 348 га боғҳои мевадиҳанда ба нақша гирифта шудаанд, ки аз ин то имрӯз 287 га боғҳои ҷавон бунёд карда шуданд. Аз боғҳои бунёдгардида 14 гектарашро боғҳои интенсивӣ (замонавӣ) ташкил медиҳанд.


