Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ХАТСАЙРИ сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва таърихии «Рашт – дараи Ҳоит» (3-рӯза)

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР: Ҳоит яке аз мавзеъҳои зебои ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, дорои захираҳои зиёди сайёҳии экологӣ, шикор, кӯҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Ҳоит аз маркази ноҳия дар масофаи 60 км ҷойгир буда, дараҳои Назарайлоқ, Шавр ва мавзеи кули Калон ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқ барои дӯстдорони сайру сайёҳат ба ҳисоб мераванд.

10 июли соли 1949 дар мавзеи ҳозираи деҳаи Ҳоит (собиқ ноҳияи Ҳоит) заминларзаи мудҳиш ба амал омада буд, ки дар ин ҳодиса зиёда аз 30 ҳазор нафар одамон ҳалок гардиданд. Ба хотири қурбониёни ин ҳодиса дар деҳаи Ҳоит муҷассамаи “Модари Ҳоит” бунёд шудааст, ки сайёҳон метавонанд аз ин мавзеъ дидан намуда, аз таърихи ҳодиса огоҳӣ пайдо намоянд.

Мардуми ин маҳал меҳмоннавоз буда, бо нонҳои калонҳаҷму хӯрокҳои боллазати маҳаллӣ миёни сокинони ҷумҳурӣ машҳур мебошанд.

РӮЗИ ЯКУМ: Рӯзи якум сайёҳон аз соати 8:00 то нифирӯзӣ дар деҳаи Ҳоит аз нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949 дидан намуда, бо урфу одат ва таъриху фарҳанги ин маҳал шинос мегарданд.

Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ тавассути мошинҳои ҳарҷогард (вездеход) ба ҷониби кули “Калон”, ки аз маркази деҳаи Ҳоит дар масофаи 6 км дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ба роҳ мебароянд.То бегоҳ аз ин мавзеи зебо дидан намуда, бегоҳ ба деҳаи Ҳоит баргашта, шабро дар меҳмонхонаи шахсӣ сипарӣ менамоянд.

РӮЗИ ДУЮМ: Рӯзи дуюм баъд аз субҳона тавассути автомашина ба дараи Назарайлоқ ба роҳ баромада, аз табиати дилфиреб, дарё, чашмаҳою обҳои шифобахш, шаршараҳо ва ҳайвоноту набототи ин мавзеъ дидан менамоянд.

Дар ин мавзеъ сайёҳон имкон доранд ба намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷула шикор, кӯҳнавардӣ, пиёдагардӣ, аспсаворӣ ва моҳидорӣ машғул шаванд. Дар дараи Назарайлоқ боз як дараи дигар бо номи дараи Пиёзӣ машҳур аст, ки тибқи нишондоди мутахассисон дорои зиёда аз 24 намуди канданиҳои фоиданоки табиӣ мебошад.

Сайёҳон хӯроки нисфирӯзиро дар ин мавзеъ дар лаби дарё дар ҳавои кӯшод тановул намуда, бегоҳ ба деҳаи Ҳоит баргашта шабро дар меҳмонхонаи хусусӣ сипарӣ менамоянд.

РӮЗИ СЕЮМ: Рӯзи сеюм сайёҳат дар дараи Шавр (аз деҳаи Ҳоит дар масофаи 8 км) идома меёбад. Саёҳат дар ин мавзеъ бинобар набудани роҳи мошингард тавассути асп ва хар имконпазир мебошад.

Дараи Шавр аз саргаҳ то охираш 21 км-ро ташкил намуда, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳанда, руду чашмаҳои дилфиреб, шаршараҳояш нотакрор мебошад.  Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт ба ҳисоб меравад.

Сайёҳон дар дараи Шавр то бегоҳ истироҳат намуда, хӯроки нисфирӯзиро зери ҳавои кӯшод дар табиат тановул намуда, бегоҳ ба деҳаи Ҳоит бар мегарданд.

Бо ҳамин хатсайри сайёҳии “Ҳоит” ба анҷом мерасад.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ  либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кӯлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *