Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ХАТСАЙРИ сайёҳии Рашт – кули Шамар (1-рӯза)

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР: Кули Шамар дар мазеъи Шамари Ҷамаоти деҳоти Ҳиҷборак ҷойгир буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 25 киллометр дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Боду ҳавои атрофи кул форам ва салқин буда, барои истироҳат бисёр мавзеъи мувофиқ ба ҳисоб меравад. Дар кули мазкур имкони шикори мурғобӣ ва қаиқронӣ мавҷуд мешад. Сайёҳат дар ин мавзеъ тавасути автомашина имконпазир аст. Махсусан сайёҳат тавассути ҷип «Ҷиптур» то ҳавз бисёр шавқовар мебошад.

Дар наздикии кул деҳаи Ҷалолобод воқеъ гардидааст. Мардуми ин деҳа меҳмоннавоз буда, ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мебошанд. Дастархони онҳо аз маҳсулотҳои ширии табиӣ (ҷурғот, қаймоқ, чака) бисёр бой аст.

ҶАДВАЛИ САЙЁҲАТ: Соати 8:00 баъд аз субҳона сайёҳон аз маркази ноҳия шаҳраки Ғарм тавассути автомобил ба самти кули Шамар (масофа 25 км, 1 соат роҳ) ба роҳ баромада то нисфирӯзӣ аз манзараҳои зебои кул ва атрофи он дидан менамоянд.

Соати 12:00 хӯроки нисфирӯзро дар назди кӯл дар ҳавои кӯшод тановул намуда, баъд аз нисфирӯзӣ сайёҳат идома дода мешавад.

Соати 17:00 то 18:00 хӯроки шом дар деҳаи Ҷалолобод ва бозгашт ба маркази ноҳия.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кӯлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *