

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ: Деҳаи Ҷафр аз маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар масофаи 18 км ҷойгир мебошад. Дар ин мавзеъ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акобиров Мирзошоҳ боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, осорхонаи «Кӯҳсори аҷам», маркази ҳунармандӣ, ҳомстей ва дар соҳили дарёи Сурхоб катҳои истироҳатӣ ташкил карда шудааст.

Боғи ботаникӣ-фарҳангӣ дорои намудҳои зиёди дарахтони мевадиҳанда мебошад. Дар боғи мазкур дар як дарахти себ 14 навъи он, дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд мева олӯ ва зардолӯ ва дар як дарахти муруд 6 навъи он пайванд карда шудаанд, ки намудҳои гуногун, мазза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд.

Дар дараи Ҷафр 4 км баландтар аз маркази деҳа “Парки себ” бунёд гардидааст, ки хело ҷолиб ва беназир буда, барои сайру гашти сайёҳон макони муносиб мебошад.
РӮЗИ ЯКУМ: Боздид аз боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, осорхонаи «Кӯҳсори аҷам», маркази ҳунармандӣ ва истироҳат дар соҳили дарёи Сурхоб

Хӯроки шом ва шаб дар меҳмонхонаи хусусӣ дар деҳаи Ҷафр сипарӣ карда мешавад.
РӮЗӢ ДУЮМ: Баъд аз субҳона тавассути асп ба дараи Ҷафр ба роҳ баромада, то бегоҳ аз манзараҳои дилфиреб ин мавзеъ аз наздик шинос мешаванд.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кӯлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.