Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ХАТСАЙРҲОИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ

Ҷиҳати муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар ноҳияи Рашт 6 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аз ҷониби бахши рушди сайёҳии ноҳияи Рашт ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, боғҳои меваҳои шаҳдбор ва ба ин васила афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳияи Рашт 6 хатсайри нави сайёҳӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Хатсайри  аввал  3-рӯза буда, тавассути Душанбе – Рашт – дараҳои -Ҷафр – Камароб гузаронида мешавад.

Хатсайри дуюм 6-рӯза аст ва  аз тариқи Душанбе — Рашт – дараҳои Ҷафр — Ҳоит амалӣ карда мешавад.

Хатсайри сеюм саёҳати ҳудуди ноҳияро дарбар гирифта, 2 рӯзро фаро мегирад. Он  аз маркази ноҳияи Рашт оғоз гардида, дараҳои Камароб ва Тагобаро  убур мекунад.

Хатсайри чорум низ 2-рӯза буда, танҳо ҳудуди ноҳияро дарбар  мегирад ва  аз маркази ноҳия то деҳаи Ҷафр амалӣ карда мешавад.

Хатсайри панҷум 3 рўза буда, пурра мавзеъњои сайёњии њудуди Љамоати дењоти Њоити ноњияи Раштро дар бар мегирад.

Хатсайри шашум 1 рӯза буда, мавзеъҳои сайёҳии Шамар ва Худруёни Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборакро дар бар мегирад. Дар ин мавзеъҳо кулҳо ва шаршараҳои зебо мавҷуданд, ки назири онҳо дар дигар минтақаҳои ҳумҳурӣ кам аст.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Рашт аз қадим ҳамчун Қаротегин маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт.

Инфрасохтори сайёҳии ноҳия марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Дар ҳудуди ноҳия 4 адад меҳмонхона, 2 адад ҳомстей, 2 тарабхона, 10 ошхона, 3 осорхона, 47 бунгоҳи тиббӣ, 1 адад фурудгоҳи минтақавӣ, 5 адад ташнобхонаҳои сарироҳӣ, 1 маркази иттиллоотӣ барои сайёҳон фаъолият менамоянд. Мавзеъҳои саёҳати экологии минтақа дараҳои Камароб, Ҷафр, Ҳоит, Ясманд ва Сиёҳдара мебошанд. Инчунин, кӯлу чашмаҳои Яхакпаст, Фолома, Ҷафр, Ҳазорчашма дар ноҳия диққати ҳазорон меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандон дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои гуногун пайваста иштирок мекунанд.

Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой буда, мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳия зиёда аз 13 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳии экологӣ ва куҳнавардӣ мувофиқ буда, шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экосайёҳӣ, рафтинг самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *