Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ҲУНАРМАНДӢ

Ҳунарҳои мардумӣ, хӯрок ва нонҳои миллӣ

Ҳунармандони ноҳияи Рашт дар ҳама давру замон бо санъати хеш машҳур буданд. Дар ин диёри кӯҳсор ҳунарҳои гулдӯзӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ табақтарошӣ, гаҳворатарошӣ ва ғайра шӯҳрат доранд.
Кадбонуҳои раштӣ ҳунари хуб дошта, ғизоҳоеро тайёр менамоянд, ки, хоси ин мардум мебошанд. Талқон, далида, оши борик, оши тупа, умочи бо дуғ, умочи бо шир, кочӣ, умочи ба ров, кашки сабз, кашки бо сару поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуди суманак, ширкаду, кадуи тагаловӣ, кадушурбо, карамшурбо, наскпиёба, нахудпиёба, тухумпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушурбо, ҳавлои сурхак, ҳавлои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рӯғанбат, ордбирён, моделова ва ғайрааз ҷумлаи ғизоҳое мебошанд, ки тули асрҳо дар ин водӣ сокинонаш тайёр менамоянд.


Нонпазӣ низяке аз ҳунарҳои маъмули занҳои раштонзамин мебошад. Гирдача,кулча ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми Тоҷикистон тафовут доранд ва калонҳаҷмуболаззат мебошанд.

Оҳангарӣ
Ҳунарҳои ороиши аз чуб
Ҳунарҳои гулдӯзӣ