Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ФАРҲАНГ

Дар ноҳияи 64 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ, зиёда аз 18 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Инчунин, дар ноҳия ду осорхона фаъолият доранд, ки яке дар назди бахши фарҳанг ва дигаре осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» дар деҳаи Ҷафр мебошад.

Дар осорхонаи назди бахши фарҳанг зиёда аз 450 нигораю ангор ва дар осорхонаи «Кӯҳсори Аҷам» беш аз 2200 нигора гирд оварда шудааст.
Дар деҳоти Оби меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони Ислом Хоҷа Абдуллои Валӣ қарор дорад, ки оид ба рӯзгори вай дар китоби “Тазкират-ул-авлиё” ёд шудааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Аскалон сайёҳон аз оромгоҳи олими маъруфи гиёҳшинос Эшони Малеҳ дидан намуда, дар бораи заҳматҳои ин марди бузург, ки то инқилоб бо растаниҳои шифобахши ин макон садҳо беморро шифо бахшидааст, маълумот пайдо мекунанд.