Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Номи Рашт аз қадиммулаём ҳамчун Рошт ва аз асри 14 ҳамчун Қаротегин, маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт. Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди бекигарии Қаротегин вилояти Ғарм таъсис ёфтааст, ки дар баробари ноҳияҳои Қалъаи лаби об, Ҳоит, Ҷиргатол, Шулмак, Сангвор, Дарвоз ва Оби гарм ноҳияаз 27 октябри соли 1939 то 24 августи соли 1955 зери тобеъияти он буд. Ҳамчун ноҳияи Ғарм 10 марти соли 1931 дар масоҳати 5346,9 км2 ташкил ёфтааст. Мутобиқи қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.
Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2-ро ташкил намуда, 97%-и масоҳати онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд.

Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), аз шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш (собиқ Ҷиргатол), аз шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шимол бо ноҳияҳои Айнӣ ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад аст.
Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлим мӯътадил, тобистон салқин ва зимистон сард аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 +240С ва моҳи январ аз -5 то -100С мебошад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.
Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон Руноб, Шӯрак, Оби кабуд, Ясманд, Оби сафед, Сорбоғ ва Санги кар мебошанд.
Дар ноҳия қариб ҳамаи намуди дарахтҳо (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, зранг, бодом, фарк), растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд. Табъу лаззат ва сифати меваҳои ноҳияи Рашт аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон фарқкунанда мебошад.


Ба ҳолати 1 январи соли 2020 аҳолии ноҳияи Рашт 132,1 ҳазор нафар ё 1,5%-и аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 98% аҳолӣ дардеҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикон ташкил медиҳанд.
Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак (шаҳракҳои Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.