Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

ДАРАҲО

Дараҳои зебоманзар

Дар ноҳияи Рашт мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои хушманзари Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман, Ҳоит ва даҳҳои дигар бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар хусусиятҳояшон шуҳратёб гардида, ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.



Дараи Камароб 

Ҳамасола аз дараи овозадори Камароб сайёҳони зиёд дидан менамоянд. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, кони ангишти Кафтархона, дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паррандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Парваришгоҳи давлатии “Камароб”соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия таъсис дода шудааст, ки ҳудуди он зиёда аз 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи куҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои зиёда аз 23 намуди парранда ва 350 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дараи Ҳоит

Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро батамом нест намуд, шинос мешаванд. Ошноӣ бо оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Шӯравӣ дар Ҳоит низ аз мадди назар дур нестанд. Дараҳои Ясманд, Назарйлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳандаю бесамар аз гузаштаҳо мерос монда, Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад.
Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи кӯҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи нишондоди мутахассисон шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошанд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи “Модар” сохта шудааст.



Дараи Тагоба

Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ аст, ки дорои шумораи ҳайвоноти зиёд буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст.



Дараи Қалъанак

Дараи Хуничи деҳоти Қалъанак бо таърихи худ барои сайёҳон ҷолиб аст. То заминларзаи 1949 дар ин мавзеъ 13 деҳа буд ва мардуми зиёд кору зиндагӣ мекарданд. Ин дара имрӯз як шикоргоҳ ва тамошогаҳи дилпазир аст.



Дараи Ҷафр

Дараи Ҷафр яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Рашт ба шумор рафта, ҳамасола аз маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва табиати дилфиреби он сайёҳон дидан менамоянд.
Дар ин мавзеъ бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанӯз соли 1988 боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам»ташкил карда шудааст. Боғи мазкур наздики 1 гектарро ташкил дода, дар он 64 навъҳои маҳаллии себ, 34 навъи муруд, 22 навъҳои зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олӯ, шафтолӯ, чормағз ва бодом, ки дар шароити нестшавӣ буданд, аз нав барқарор карда парвариш ва зиёд карда шуда истодаанд.
Дар боғи мазкур дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд мева олӯ, зардолӯ, куксултон ва бодоми шириндона,дар як дарахти себ 14 навъи он ва дар як дарахти муруд 6 навъи он пайванд карда шудаанд, ки намудҳои гуногуни мазза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд.
Инчунин, дар боғи мазкур осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши замбурпарварӣ таъсис дода шудааст, ки сайёҳон аз таъриху фарҳанги мардуми кӯҳистон шинос шуда, аз маҳсулотҳои дастии ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш, асали тозаи гиёҳҳои кӯҳистон харидорӣ менамоянд.
Дар заминаи боғи ботаникӣ дар дараи Ҷафр “Парки себ” бунёд гардидааст, ки хело ҷолиб ва беназир буда, барои сайру гашти сайёҳон муносиб мебошад.