Рашт
(3131) 22-1-01, +992987-88-88-92
sayohi.rasht@mail.ru

САЙЁҲОН

Сайёҳӣ

Ноҳия имкониятҳои васеъ ва захираи бой барои рушди сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ мебошад.
Ба истифода дода шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Лахш – сарҳади Қирғизистон ва таъмиру азнавсозӣ шудани роҳҳои маҳаллӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, намудаи ҷиптур мусоидат намудаанд. Дар шафати роҳҳои номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, мағоза, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобил ва дигар намуди нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шудаанд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд. Дар даромадгоҳи ноҳия чашмаи Навдонак ҷойгир аст ва дар паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшу нигори миллӣ сохта шудааст. Маркази ноҳия дорои теъдоди зиёди мағозаю тарабхона ва чойхонаю ошхонаҳои миллӣ мебошад, ки дар онҳо дилхоҳ хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти гуногуни тайёрнамудаи ҳунармандони мардумиро дастрас кардан мункин аст.



Боғи ботаникӣ- фарҳангӣ

Маркази ҳунармандӣ

Ҷавонон дар боғи ботаникии Кӯҳсори Аҷам

Дуторҳо.

Табактароши